Ниқоргирандае дар бом ё зодрӯзи бо наҷосат даромехта

(Ҳикоя)


Навои дилошӯб дар фазои толор танинандоз гардид. Нахустин соҳибчашнро шавҳараш ба рақс таклиф намуд, ин гомро дида дигарон низ ба саҳна баромаданд, то ҳунари худро нишон диҳанд. Камарҳои пурраи бонувонро пайи ҳам дастони мардон мепечониданд. Нафаре баногӯши дилбари худ суханҳои самими мегуфт дуюмин аз ангезиши шароб сархуш, пардаи шарму ҳаёро ба самте гузошта зӯран мехост, ки маҳбубаашро дар назари умум бибӯсад, вале намояндагони ҷинси латиф, ки шуурашонро бо бода нисбатан камтар заҳролуд намудаанд, рафтору кирдорашонро хирад зери назорат гирифта буд. Кадбону дастони нафису булуринашро ба гардани барҷаставу мӯйзеркардаи соҳибаш халқа намуда ба фазои хаёлотҳои рангин фурӯ бирафт. Рӯзҳои аввалини шиносоиашон, бӯсаҳои пурҳарорат, савгандҳои самимӣ, сайругаштҳо то поси шаб, пешвозгирии хуршед субҳдам, тӯйи ҷамшедонаашон, шаби нахустин... Меҳмоне бикушид баҳри сигоркашӣ ба даҳлез барояд, вале ҳини дарро во намудан, мавҷи оби бо наҷосату ифлосиҳои мухталиф омехтаёфта ба меҳмонхона зада даромад. Бонувон чирросзанон хешро ба тарафи мардон бизаданд, самти фирор набуд. Аксарият худро болои мизу курсиҳо гирифтанду соҳибхона худро назди телефон гирифт.

- Алло, алло, кар шуди-мӣ аблаҳ, тез ба хонаи 44 кӯчаи Пушкин коргаронро фристон, ҳамаро об зер намуд. Квартираи 38, не, аз ҳоҷатхона баромада истодааст... Доду фарёди калонсолон тифлони дар оғӯши хоб бударо аз бистар бархезонид ва садои гиряи имдодхоҳонаи онон ба нолиши умуми пайваст. Кулбаи чанде пеш бӯйи хӯришҳои лазиз фаро гирифтаро кунун наҷосати инсони бо “накҳати” хеш пур месохт. Намояндагони ҷинси латиф бо рӯймолчаҳои ҳариру зебояшон даҳону бинии хешро пӯшонида ба наҷосати ҳамқабилагонашон бо қароҳат менигаристанд... Коргарон вориди кулба гашта ин аҷоиботу ғароиботро дида ба таҳаюр наомаданд, чунин манзараҳои даҳшатангез баҳрашон саҳнаҳои рӯзмараи зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Яке симпечро гирифта ба самти халоҷо равон намуд, дуюмин онро тарангтар кашида тоб медод ва ҳамин сония дар пойгоҳ сардорашон рост шуд ва соҳиби хона ӯро дида чун саги дар занҷир буда ба ӯ дарафтод:

- Ту куҷо мегардӣ, ин чӣ рӯзу ҳол? Барои чӣ коргаронат асбобу анҷоми хонаро назорат намекунанд.? Муфтхӯрон! Пулгирифтанба устухон надоранд. Дирӯз яктоаш ҳатто шарм накарда барои як прокладкае, ки 2 тин меистад аз ман 15 тин гирифт. Беинсофиро бинед, ҳақиқат куҷост? Мард бо нигоҳи сарде аз сар то пои соҳибхонаро санҷишкорона аз назар гузаронида:

- Чӣ доду фарёд мекунед, кар нестам, кур ҳам нестам то ваъзияти хонаатонро набинам, сониян худи соҳибхонаҳо гунаҳгоранд, чизе ки рост ояд ба нова мепартоянд, ин новаи пору парто-ку не? Шумоён мехоҳед, ки ба дигарон ибрат омӯзед, вале худ фарсахҳо аз маданият дар канор мондаед...

- Ту оё медони бо ки гап зада истодаӣ? Кадхудо фавран тарзи гуфторашро дигаргун сохт.

- Ман Бурибой Нурхонов, доктор наук, хирург... Симои аз шароб арғувонӣ бигашта, аз доду фарёду ғазаб ранги сиёҳчатобро ба худ гирифт.

- Бисёр мамнунам, ки бо ашхоси бонуфузе дар чунин ваъзияти олиҷаноб шинос шудан мушаррафам гашт.

-Ту ба оҳанги суханонат диққат намуда, гап зан, Дар базми мо вазирону раисони олимартаба ҳузур доранд. Ин ҷо хонаи модарат не ки чизе ки хоҳӣ аз даҳонат баромадан гирад.

- Ба маслиҳататон ташаккур “домулло”! Ба вазирону раисони мӯҳтарам ба шумо низ, гоҳо чунин манзараҳои дилфиребро дидан бефоида нест...

- Ин тиррончак худаш кист, ки ба одамони муътабар, бо чунин тарз сухан мегӯяд? Марди харобпайкару донкихотандом, ки симояш аз машрубот арғувонӣ гашта ба пеш зада баромад.

- Ту худат кӣ? А? Ман киро мепурсам? Чаро кунда барин хомӯш истодаӣ?

- Одам. Чӣ буд?

- Ман вазифатро мепурсам, одам? Имрӯз ҳар як ночизу нокас худро одам меҳисобад. Ва ҳар як симои номуборак худро дар сафи мо дидан мехоҳад. Оё ту медонӣ бо ки гап зада истодаӣ? Не? Аблаҳ! Наход номи маро нашунидаӣ? Ман ҷонишини вазир Алифанов Евгений Андреевич! Шинохти-мӣ?

- Бисёр мамнунам, Евгений Андреевичи мӯҳтарам, интизор набудам, ки бо шумо дар иҳотаи “гулоб” шинос хоҳам шуд.

- Милися! Баред ин аблаҳро! Вагарна бо дастони худ ӯро буғӣ карда мекушам. Ин ночизро бинед, ҳатто бо тамасхур бо ман сухан мекунад. Ҳоло ту бо собуни Евгений Андреевич ҷомшаӯӣ накардаӣ!

- Ба фикрам ба милисия шумо зарурият доред, на ман! Ноиби вазир хост тавассути мушт адабӣ густохро бидиҳад, вале вазни хешро дошта натавониста бо даҳон рӯйи фарш дароз кашида саропо бо ахлот омезиш ёфт. Фавран ду се нафар балегӯйони дар атрофаш буда ба имдод бишитофтанд ва бо азобе ӯро ба пой рост бинмуданд, аммо сонияе нагузашта боз мувозинатро гум намуда гурсосзанон биафтид ва ин даъфа бо даҳону бинияш наҷосатро пахш бинмуд. Бонувони ин ваъзи ногувори шахси муътабарро дида доду фарёд бардошта бо рӯймолчаву дастонашон симояшонро мепӯшониданд, то ҳамаи ин даҳшатро набинанд. Балейгӯйи наздикистода фавран бо рӯймолчааш хост даҳону бинии хӯҷаинашро тоза бисозад, то эшон аз ин бехабар монанд, аммо ҳангоми пок намудан, хӯҷаин хост даҳонашро во намуда чизе бигӯяд, вале ғайричашмдошт ба даҳон наҷосат даромада бирафт, доду фарёди бонувон аз ин манзараи даҳшатангез ба фалак печид.

- Даф шав аз ин ҷо, касофат як одами мӯътабарро беобурӯй намуди...

- Одами мӯътабаратонро, ки гуфт, ки майзада барин бинӯшад. Доктор дашномкунон зӯран ӯро аз дар берун кард. Борони майдае ба резиш оғоз намуд. Ба курси нишаст, мудати тӯлонӣ андешаҳои тира рӯҳи ӯро иҳота намуданд. Садои гоми коргарон ӯро водор бисохт то аз фазои тира берун биравад.

-Ҳа, кушода шуд мӣ? Чӣ дармондааст?

- Ҳеҷ чиз набаромад. Худ аз худ во шуд. Дафъаи гузашта дар хонаи якум чунин ҳолат рӯй дода буд. Он ҷо низ зодрӯзро ҷашн мегирифтанд...

- Аҷиб... Хайр, чароғчаро ба ман гузоретону, шумоён бираветон, ман сонитар бармегардам. Дақиқае пас пайкарҳои коргаронро пардаи торикӣ пинҳон сохт. Лаҳзае ба самти бом нигариста монд. Бо суръат гом партофта ба сӯи даромадгоҳ раҳсипор гашт. Тугмаи лифтро пахш бинмуд. Чароғакҳо пайи ҳам ошёнаҳоро сипарӣ сохта дар ошёнаи ҳаштум истодаанд, тугмаи нӯҳумро чанд бор пахш кард, вале лифт ба ҳаракат надаромад, маҷбур шуд ки пиёда барояд. Норбони ба сӯи бом баранда озод буд, вале сарпӯшро аз боло бо чизе маҳкам карданд. Фавран ба самти лифт бишитофт. Дар баромадгоҳи дуюм монеъае вуҷуд надошт, бо осони хешро болои бом гирифт. Садое ба гӯш намерасид. Дар канори бом ҷумбишеро дарк сохт, хешро ноаён ба паси дудкаш гирифт. Нияти чароғчаро фурӯзон намудан пайдо шуд, вале дарҳол аз баҳри ин фикр даргузашт. Фосилаи мадиде сукунатро ихтёр фармуд. Ҷумбише амалӣ шуду зуд хомӯш гашт. Гаваккашон хешро пеш кашид. Кунун дар паси дудкаши канор тарҳи пайкареро баръало бидид. Пинҳоншаванда наздикшавиашро магар ҳис намуд – мӣ, чизеро ба самташ кашид. Чароғчаро мунаввар бисохт. Рӯ ба рӯяш марде мисрон дар даст омодаи ҳуҷум меистод.

- Туро ин ҷо ки хонд, ҷосус? Наздик нао, вагарна саратро зада дута менамоям...

- Парто девона!

- Аблаҳата ёфтӣ, даф шав аз ин ҷо, саги бӯйгир, вагарна каллаи бемағзатро ҳамвор месозам.

- Таҳдидатро ба як тараф бигузору мисронро парто.

- Намепартоям! Харатро ба хубӣ аз ин ҷо каш, набошад фардо ҷасадатро аз ин ҷо хоҳанд ёфт. Фосилаи байнашон сония ба сония маҳдуд мегашт. Ногоҳ барқосо чароғро ба чашми ҳариф рост намуд. Ва ӯ сонияе хешро гум бисохт ва ин лаҳзаро истифода бурда ҷаҳида бо пой ба дасташ бизад ва мисрон аз даст раҳо ёфт, ҳар ду хешро ба самти он партофта ҳамдигарро тела мемоданд, то мисрон насиби дигаре нагардад. Ношинос аз нав ба самти мисрон даст дароз бисохт, вале рақиб боз бо пой зада дур андохт ва он лағжида то гӯшаи бом бирафт. Сонияе нагузашта пайи ҳам се чор зарбаи сахт бихӯрда карахт гашт. Фосилае ҳеҷ ҷизро дарк насохт, вале ҳине ки ба хеш омад, дид ки дар лаби бом асту ҳариф нияти ӯро ба поён афканданро дорад. Тамоми нерӯяшро ба нуқтае зам бинмуда бо пояш ба шками рақибаш фаровард ва ӯ чун дарахти решаканшуда зуд пӯштнокӣ дароз кашид. Барқосо бархоста ду се лагад фаровард, ношинос нолиш намуду аз ҷой наҷумбид. Паҳлуяш нишаста аз кисса сигорро баровард. Пас аз фосилае ба худ омада дар наздаш рақиби сигоркашандаро дида фикри ҳуҷум намуданро накард. Пасмондаи сигорро ҳаво дода аз ҷой бархост:

- Рафтем.

- Ба куҷо?

- Сонитар мефаҳмӣ. Ношинос сухане накарда пеш гузашт. Борон суръаташро меафзуд. Хомӯшона роҳ паймуда назди бинои дуошёнае истоданд. Торики имконият намедод чизеро аён бубинӣ.

- Даро!

- Ба қозихона оварди – мӣ, миршаб?

- Алббата, боз ба куҷо мешуд! Дарро муддате накушоданд. Пас аз чанд дақиқа садои шарфаи пой шунида шуд.

- Кӣ вай?

- Кушо, ман...

Дар даромадгоҳ зане бо либоси шаб меистод. Ӯ андоми бо хуну лой омезишёфтаи онҳоро дида:

- Вой, ман мурам чӣ шуд?

- Ҳеҷ чиз не, воҳима набардор. Дар кӯча ба ман дарафтоданд, ва ин ҷавонмард фавран ба мадади ман шитофт. Ӯ ба самти меҳмон нигариста монд.

- Чӣ нигоҳ карда истодаи, гузар сару рӯятро шӯй. Дастрӯймолро бидеҳ ба меҳмон. Ягон чизи хӯрданӣ дошта бошӣ, биёр, ки гуруснаем. Худ ба дарун даромада либосҳояшро ивазкарда баргашт. Меҳмон ба симои хунолудаш зеҳн монда табассуме кард. Кадбону ба болои миз хӯришҳоро гузошту худ ба хонаи тифлон бигузашт.

- Гузар нишин, шарм мадор, ман сару рӯямро ба тартиб биоварам. Баъд аз чанде соҳибхона баргашт ва аз яхдон шишаи шаробро берун оварда ба пиёлаҳо бирехт. Сухане накарда пиёлаҳоро бардошта аз паси паси газаку хӯриш шуданд.

- Менӯшему вале аз номи ҳамдигар бехабарем.

- Баҳодур, дасташро дароз намуд соҳибхона.

- Далер.

- Бисёр мамнунам, пеш аз задухӯрдамон дар хонаи бузургворе будам, медидӣ онон чӣ гуна хешро ба авомон муаррифӣ менамуданд, гуфтагӣ барин баҳри чӣ хонаи ӯро ба наҷосатхона табдил додӣ?

- Чиро дар назар дорӣ?

- Худатро ба нодонӣ назан...

- Рости ки чизеро нафаҳмида истодаам.

- Ресмону сақоро ба фикрам баҳри худро овехтан ба бом набаровардӣ. Барои чунин амал замин беҳтар аст.

- Исбот кун ин кори ман аст!

Лаҳзае ба симои Баҳодур нигариста истоду:

- Ҳамаи ин ба ту чӣ лозим?

- Моҳияти рафтори мазкурро дарк намуданиам, ҳисси кунҷкобиам оромам намегузорад.

- Ду пиёла шароб бирехтиву мехоҳӣ ки ба ивазаш дари асрорро баҳрат кушоянд – мӣ? Аблаҳатро ёфтӣ!

- Аз суханонат аён аст ки ба касе бовари намекунӣ, агар ягон нияти нопоке медоштам, ба милисия занг мезадам, кор тамом вассалом.

- Ҳоло ҳам дер нашудааст, телефон дар наздат. Мункин боз мукофот ҳам диҳанд. Дар ҳамаи давру замон ҷосусон арзиш доранд.

- Даҳонатро пӯш. Нокасатро ёфтӣ? Дар ҳафт пӯшти ман нокасон набуданд ва нахоҳанд шуд. Бо ту одам барин муомила бинмоям, ту бошӣ...

- Бигӯй ки одам худаш кист, ки ман ба вай бовар бикунам, ба як пули пучак тайёр аст ки шаъну шараф, миллату мазҳабашро фӯрушад, зеро Худованд ӯро тарсончаку ночиз офаридааст. Одамон баҳри ман чун пашшае арзише надорад.

- Аз суханонат бармеояд ки аз инсон болотар меистӣ, яъне ту Одамхудоӣ.

- Киноя назан. Ман худро Одамхудо нахондаам.

- Чӣ гуна киноя будааст? Ним соат пеш инсони воло бе ҳеҷ гуна дудилагие маро ба реҳлат равон намудани буд.

- Чӣ мехости, ки он сонияҳо баҳрат дар бораи одаму одамгарӣ дар шароити сотсиализими мутаррақӣ ваъз бихонам. Монеъи роҳи ман бигаштӣ туро чӣ тавре ки ҳайвонро мекӯшанду заррае азоби виҷдон дарк намекунанд, яктарафа менамудам.

- Магар, ҷазо туро ба ҳарос намеоварад, аён ки ба барои одамкӯшӣ саратро силла намекунанд.

- Чӣ бовари дорӣ қотилро хоҳанд ёфт? Ягон даҳонвози бесоҳибро ёфта ба сараш бор мекунанд, ё аблаҳи хасдуздеро ёфта ончунон кор карда мебароянд, ки фардо иқрор хоҳад шуд, ки ӯ куштааст. Наход ту чун тифли дур аз ҳақиқат боварӣ дорӣ, ки ҳамаи паси панҷарабудагон бо гуноҳ он ҷо нишастаанд. Ҳатто дарвинизим эътироф менамояд, ки зӯрон зинда мемонанду заифон мемиранд. Ҳаёт низ қонуниятҳои маҳбусхонаро дар хеш ҷабида гирифтааст. Пас аз ин суханон хомӯши ғамангезе ба миён омад. Шароб таъсири хешро фавран аз даст дод.

- Чӣ магар аз дузахи заминӣ бигзаштӣ?

- Оё аён нест?

- Рафтору гуфторат гувоҳанд. Агар сирри сиёсӣ наҳисобӣ, гуноҳи соҳиби кулбаи 38 -ум чӣ буд, ки рӯзи саидашро ба аъзо табдил додӣ? Тӯлонӣ ба пиёлаи шароб нигаристу:

- Даҳони кӯзаро бикушодем, биё ки ҳар он чӣ дар он аст берун орем... Пас аз озод шудан, ним сол расо кор кофтам, дар ҳама ҷо мефаҳмиданд ки ман ба наздикӣ аз маҳбас озод шудаам, кори пастаринро ба ман раво намедиданд. Ҳоло он ки ман муҳандиси бинокорам. Тасаввур бинмо, ки дар киса ягон тини сиёҳ нест. Ду тангае, ки аз маҳбас берун овардам зуд тамом шуд. Модарам дунёро тарк намуданд. Ҳамаи умеду орзуҳоямро бо худ бурданд. Дар ғами фарзанди ягонаи маҳбасгашташ сӯхта, тамом шуд. Рӯҳашон шод бод! Хешу ақрабо аз ман худро канор бигирифтанд, то дарди сар нашавам. Тобистон дар аёми харбузаю тарбуза дар бозор ҳамол намуда ду танга меёфтам. Мавсим, ки интиҳо ёфт дар чойхонаи ургутие чойнику пиёла меғундоштам, буридаи ноне ва баҳри сигарет ду се танга медод. Се сол ба дин минвол идома ёфт. Рӯзе ҳини чойнӯшӣ марде ба кори ман дуру дароз зеҳн монду наздаш хонд:

- Ту занак мӣ, пиёлаву чойник ғундошта мегардӣ? Афту андоматро кас бинад, гумон мекунад, кӯҳро бизанад ҳамвор мешавад. Пурсид, ки челонгари аз дастам меояд, посух додам, ки каму беш. Ин тавр, ки бошад фардо ба назди ман даро гуфт ва суроғаашро монд. Рӯзи дигар мӯйсафеди коргарерро даъват намуду – Василевич ана ҳамин ҷавонмард дар ихтёри ту як моҳ корро нишон деҳ, баъд хонаҳои 30, 44, 46 -умро ба дасташ месупорем. Бовариам намеомад, ки маро дар як рӯз ба кор гирифтанд. Пирамард дар фосилаи кутоҳе дастамро рост бинмуд ва он тарафашро худам бурдан гирифтам. Пас аз ду моҳ кисаи дербоз пулро надида сумро бидид. Зиндагиам тадриҷан ба маҷро медаромад. Рӯзе бо касофате гапамон гурехт. Дар ҷойи кор бигуфтанд, ки ба хонаи 5 -ум даромада чумаки оби гармро иваз намудан лозим. Дарро зани зебое кушода ба саломам алек нагирифт, гӯё дар наздаш гадо истода бошад. Нияти ташрифамро шаҳр бидодам, ба суханон таваҷҷуҳ надода дари ташнобро во намуд. Дар наздаш мард нейю гӯё ашёи беҳисе истодааст, дар пеши ойна пероҳанашро иваз бинмуд. Бадани дилкашашро ба намоши гузошта сӯйи ман нигоҳи нафратангезе бипартофт. Гӯё “ту ноҷиз чию дар бораи чунин бадани дилрабо орзу намудан чӣ” мегуфт. Худро бо азобе нигоҳ доштам, то ки дашном дода баромада наравам. Ҳангоми чумакро мустаҳкам намудан, калид ба шишаи шампуни дар раф буда, бархӯрда пора – пора бисохт, доду фарёд бархост, чунон дашному таҳқирҳое бинмуд, то кунун аз даҳони зане нашунида будам. Ба ваъзи рӯҳиам нигоҳ накарда узр пурсидам. Ин ӯро ором насохта баръакс битезонид. Худро дошта натавониста дашноми обдоре дода баромада рафтам. Болои харак дуру дароз биншаста мондам. Алам бинмуд, котибаи вазире, ки вазифаи қонеъсозандаи шавҳати ҳайвонии ӯст, метавонад туро таҳқир бисозад ба ашё баробар бинмояд, вақте ки ту муҳтоҷи буридаи нонӣ бояд хомӯш бишинӣ. Фардо дар коргоҳ ончунон шӯру ғавғо бархост, ки дар гӯшаи хаёлам ҳам намеомад. Валентина Ивановна ба вазири мӯҳтарам занг зада, дар навбати хеш он кас ба чанд идораи танобкаш – милисия, прократура, комиҷроя ва коргоҳ телефон намуда ҳамаро ба пой хезониданд. Ба коргоҳ надаромада аз гиребонам гирифта назди сармуҳандис Сафар Талбакович косалеси ашшадӣ, баҳри мансаб аз ягон пасти рӯй наметобад, ҷояш ояд зану духтарашро пешкаш мекунад. Вориди ҳуҷраи кориаш нагашта борони дашному хорӣ ба сарам фурӯ рехт. – Ту касофат худат кистӣ, ки бо Валентина Ивановна сар ба сар мешавӣ? Он тарафат як челонгариву ғурурат бин, аз ин ҷо гум шав! Афту андоматро дигар дар ин ҷо набинам, саги мурдор... Фавран косалеси дигар Нина Медведеваро даъват намуда ба номаш ба тарзи худ маҷлисе оростанду маро қонунӣ аз кор хориҷ бинмуданд ва пас аз як соат дафтарчаи меҳнатиро ба дастам доданду бигуфтанд, ки чор тарафат қибла. Тасаввур бинмо коре, ки як сол кофтам дар давоми як соат аз даст бидодам. Дигарон медиданд, ки нишастагиву ба болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин ду моҳ кор кардаасту боз қонунӣ аз кор биронданд, дар бораи ба кор қабул кардан арзу доди каминаро шунидан намехостанд. Чор моҳ шуд ки бекорам. Ду моҳ пиёзи корейсҳоро хишова кардам, ҳоло дар бозор ҳамолӣ карда як ду сум мёбам. Боз аз нав дар кулба хомӯшӣ ҳукумфармо бигашт.

- Барои чӣ ту аз дигарон, низ ниқор гирифтанӣ шудӣ?

- Шояд дарк сохтани шароити ман барои ту ки соҳиби буридаи нони душвори мекунад, ҳангоме, ки туро аз қути лоямутат марҳум месозанд, ин чӣ гуна аламовар аст. Зарбаи зада магар кам буд, ки боз Валентина Ивановна ба милисия шикоятнома навишт, ки дар зераш балегӯйҳою косалесонаш аз кулбаҳои 1, 38, 61, 62 имзо гузоштанд ва маро ба муҳлати 15 рӯз дар КПЗ бишинонданд. Пас озод шудан, рӯзи таваллуди имзокунандагонро дарёфта амалётамро аз Валентина Ивановна оғоз намудам. Ресмону чароғчаро гирифта ҳангоми торики ноаён ба бом баромадам. Касе маро мушоҳида насохт. Пас аз ним соат мошинаи Абдуллоҷон Ахмедов омада дар назди даромадгоҳ биистод ва вазири арҷманд бо тӯҳфаҳои зиёде аз мошин берун омаданд. Дертар пайи ҳам дигар соҳибмансабону курсинишинон пайдо шуданд. Базм то поси шаб идома ёфт. Меҳмонон аз таъсири шароб ширакайф ҳини гусел суханҳои лутфомез мегуфтанду якдигарро мебӯсиданд. Абдуллоҷон Ахмедов дар сафи умум биноро тарк кард ва бо ин нишон додани буд, ки бинед ман низ меравам ва пас ним соат машина Абдуллоҷон Ахмедовро баргаронида оварда ғайб бизад. Фосилае пас чароғҳои хонаи Валентина Иванова хомӯш бигашт. Ба нуги ресмон сақои вазини ҳаҷми новаро пурра гирандаро баста ба поён фаровардам. Масофаи байни хонаҳоро ҳисоб карда дар ресмон ишорат гузоштам, сақо аз рӯйи ҳисоби ман бояд рафта дар чойи фароиши пасоб аз ошёнаи дувум ва якум меистод ва ҳама обу ифлоси наҷосати аз ошёнаи нӯҳум ба поён фароянда ба ҷойи он ки ба берун биравад бо востаи ҳоҷатхона ба дувум мебаромад. Ресмонро ба сари нова баста худ болои тахтае дароз кашидам. Тахминан ду соат барин вақт бигузашт. Ноаён ба поён фаромадам. Худро болои чинори рӯ ба рӯи кулбаи панҷум буда гирифтам. Аз он ҷо дохили хона баръало аён мегашт, вале он 8 ҷо ҳоло торик буд. Тахминан пеш аз субҳдам, чароғ фурӯзон гашт ва аз паси пардаи ҳарир бадани бараҳнаи Валентина Ивановна намоён бишуд, бадани дилкаше, ки Рубенс дар мусаввираҳояш тасаввур намудааст. Пайкаре, ки мардонро бештар ба ваҷд меоварад. Ба андоми зебояш дар ойина нигариста, табассуме намуда дарро во намуд, вале селаи оби бо наҷосат омехта ёфта ба толор зада даромад. Садои доду фарёд Абдуллоҷон Ахмедовро аз хоби ширин берун овард. Бо тани бараҳнаву ишками овезон вазир шигифтзада дар иҳотаи оби ифлос меистод. Валентина Иванова гирякунон бо телефон чизе мегуфт. Гӯшакро гузошта ба ба хотираш бирасид, ки ҳозир коргарон меоянду вазири арҷмандро дар хонааш мебинанд, зуд вазирро гусел намудани шуд. Хост тифли сарсафедро либос пӯшонад, вале ҳангоми хоб Абдуллоҷон Ахмедов магар саросемавор либос кашида ба болин даромадааст-мӣ, холо онҳо бо наҷосату пасоб омезиш ёфта рӯйи фарш мехобиданд. Ин болои сӯхта намакоб буд. Валентина Ивановна нолон ба ҷустуҷӯйи либос даромад. Аз куҷое трусиву халати кӯҳнаи занонаро овардаба Абдуллоҷон Ахмедов пӯшонд. Бо шиками дамидааш вазир зани ҳомилаи шабу рӯз наздикшударо мемонд. Ҳамин лаҳза садои машина шунида шуд, зуд фаромада болои бом баромадам. Аз поён нидои даву този коргарон шунида мешуд. Оҳиста ресмонро боло кашида бо востаи баромадгоҳи сеюм баромада рафтам. Роҳи зиёдеро пай намудам, ҳоло шаҳр дар хоб буд, ба боғ гузашта худро зери дарахте партофтам ва ончунон самимӣ бихандидам, ки дар дувоздаҳсоли дар паси панҷара гузаронидам бори нахуст чунин механдидам... Боз хомӯшӣ ба миён омаду шишаи шароб кайҳо тиҳӣ шуда буд.

- Аз ин мебарояд, ки кулбаи Сафар Талбаковичро бо чиркоб низ ту даромехтӣ. Дар чиллаи зимистон, қариб як моҳ гилем хушк кард.

- Агар махфӣ набошад, барои чӣ ба маҳбас афтидӣ?

- Ба зиндон афтоданамро ба сири махфӣ табдил додани нестам, агар фаҳмидани бошӣ марҳамат: Пас аз хатми донишкада ба ноҳияи навташкилшуда ба кор фиристонданд, корам писанд омад –мӣ дар тӯли панҷ сол то ба дараҷаи садри идораи сохтумони баромадам. Рӯзе котиби якуми райком маро ба наздаш хонда маро таърифу таҳсини зиёде карда дар интиҳо таклиф намуд, ки барои ноҳия истгоҳи обкаш сохтан лозим, то мавсими нави кишт ба кор дарояд, ҳамаи умеди райкому партия ба шумо ва обурӯйи ноҳияи мо дар дасти шумост. Гуфтам, ки Буриқул Ғуломқулович то лоиҳаву пойгоҳи сохтумонро набинам ба шумо ваъдае дода наметавонам. Як ҳафта муҳлат доданд. Ҳангоме, ки бо корҳо шинос бишудам ҳуш аз сарам парид. Лоиҳа кӯҳна буд, асбобҳое, ки дар бораи онҳо ишорат рафта буд, кайҳо аз истеҳсолот бардоштанд, замине, ки пойгоҳро мебардоштем, барои шинонданаш ним сол вақтро мегирифт. Пас аз як ҳафта ба наздаш даромада ваъзиятро фаҳмонидам, ки ҳеҷ имконияти дар ним сол истгоҳро бардоштан нест, зеро замини сафедхок баҳри истгоҳ ниҳоят хафнок аст, шиниш доданаш мункин, тавассути об шинонда боварии комил ҳосил намудан дар гумон аст, қирш намедиҳад ва заминро бо услуби хос фаровард, вале чунин олот дар мо ҳоло вуҷуд надорад. Буриқул Ғуломқулович бо белети партиявиашон савганд бихӯрданд, ки натарс агар ҳодисае рух дода монад, ҳамашро худам ба гардан мегирам. Наход ту ба белети партияви барин чизи муқаддас бовар накунӣ? Дигар пас аз чунин савгандхӯриҳо чӣ гуна сухани ӯро рад хоҳӣ намуд. Ноилоҷ ба сохтумон оғоз намудам. Дар мудати шаш моҳ на хоби друстро дидаму на истироҳатро боре ҳам ба хона ба назди модарам омада натавонистам. Дар ин фосила дар сарам мӯйи сафед ҳам пайдо шуд. Бо урраву суханҳои пурдабдаба Буриқул Ғуломқулович истгоҳро кушоданд. Расмамро дар рӯзномаҳо чоп карданд, дар телевизон ҳам баромад намудам. Вале дар гӯшаи дилам тарс ҳамеша дар гардиш буд. Пас аз се моҳ бинои истгоҳ нишасту пас як моҳ ман бояд оиладор мешудам. Прократура тафтишро оғоз намуд. Чанд маротиба ба назди Буриқул Ғуломқулович даромадам, ваъдаҳои калон дод, ҳамааш дар дасти худамон, натарс. Ҳангоми суд ягон нафар аз ҳомиёни партиявии ман пайдо нашуданд. Суд маро ба муддати дувоздаҳсол ба паси панҷара равон намуд. Боз хомӯшӣ ба миён омад.

- Ба котиб чизе нашуд?

- Чӣ ҳам мешуд? Мо дар дасти сиёсатмадорони давр хиштем баҳри барафрохтани тахти хеш истифода мебаранд. Ононро ягон боду бурон аз ҷояшон беҷой карда наметавонад.

- Кунун чӣ кор кардании?

- Ҳисобамро бо охирин косалес баробар намудам, ба ягон тараф баромада рафтам лозим, бидуни нобарорию хотираю вохӯриҳои ногувор дигар чизе маро дар ин ҷо интизор нест. Амакам ба назди худаш ба Қазоқистон таклиф намуд, ҳоло ба қароре наомадаам. Раҳмат барои меҳмондориат, ман бояд биравам...

- Дар ҳамин ҷой хоб меравӣ, ҷой ҳаст...

- Ташаккур, ман бояд биравам. То баромадгоҳ хомӯш рафтанд. Баҳодур аз кисааш ноаён ду даҳсумаро бароварда ба кисаи меҳмон гузошт.

- Гир, набошад хафа мешавам. Ӯ чизе нагуфта, дасташро фишурда лаҳзае ба ӯ нигариста монд. Пас аз чанд дақиқае торики ӯро дар оғуши хеш пинҳон намуд.

Ҳабиб Саид, Душанбе, соли 1988.


Ҳабиб Саид - Ҳикояҳои фантастикӣ.pdf
Ҳабиб Саид - Ҳикояҳои ҳаҷвӣ.pdf
Ҳабиб Саид - Графоманҳои як диёр.pdf
ХАБИБ САИД - РАССКАЗЫ.pdf
Ҳабиб Саид - Мусоҳибаҳо.pdf