Марги "Дон Жуан"

(ҳикоя)

Бо азоби зиёде партобҳоро гирд оварда ба зарф рехт. Роҳи нафасашро чизе мегирифт. Арақи ҷабин ба самти даҳон шорида дар он таъми шуреро ба вуҷуд меовард. Миён, бозувон, ангуштон, гӯё дигар неруи заҳмат намуданро надоштанд, ҳамаашон баробар, чун забон як кардагон ба дард даромаданд. Хост лаҳзае истироҳат намояд, вале ҷойи нишаст набуд. Билохир сатили нимшикастаи чиркинеро ёфта бинишаст. Кисаҳои суроху дарбеҳзадаашро дуру дароз кофт ва ниҳоят аз гӯшае сигори зерхӯрдаи арзонбаҳоеро берун овард ва аз ин бозёфт дар ҷеҳрааш табассуми тифлонае шукуфт. Пас аз ду - се кашиш дар ҷисму рӯҳ сабукиеро ҳис намуд. Ҷавонзане зери чинорон бо писарчааш сайругашт дошт. Симояш шинос барин намуд. Ин ҷеҳраи дилкашро дар куҷо дидааст? Зан низ ба ӯ бо таҳаюр дида дӯхт. Кӣ бошад? Чӣ гуна дилрабост?... Ҳамин лаҳза чизе ба сараш бархӯрда пош хӯрд. Дар як сония сару рӯй аз пасмондаҳои помидори тосидаву шавлау угрои шабмонда пур гардид. Бо дастони ифлос угроҳои овезонро аз назди чашмонаш дур сохт. Писарчаро дид, ки ӯро ба модараш нишон дода механдид. Зан аввал ин мазараро дида ба даҳшаит омад ва дар интиҳо хешро дошта натавониста низ хандид. Дарк накмуд, ки латтае дар сараш овезон истодааст, даст бурда пойҷомаи кӯҳнаи занонаеро пеш овард. Аз ғазаб чун даррандаи захмингашта намедонист ба кӣ дарафтаду ғазабашро ба кадом самт равон созад. Ҳамин лаҳза мошинаи порукаш пайдо шуд. Ронанда андоми аҷоибу ғароибро дида аз самими дил хандид.

- "Профессор" буданат аён, кадом аблаҳ зери новаи кушода дамгирӣ мешинад? Ин кор ойимчаҳоя навозиш намудану қоғазбозӣ кардан нест.

Аз кабина латтаи равғанинро бароварда ба сӯяш ҳаво дод:

- Сару рӯята пок куну аз паси кор шав, новая банду зарфро берун каш; вақтам танг боз поруи панҷ ҳавлии дигарро гирифтан лозим.

Симояшро ба низом оварда ба самти писарчаву зан нигарист. Онҳо набуданд. Зарфро кашида то назди баромадгоҳ овард, вале тасмаи оҳанӣ, ки табақҳои дарро бо ҳам мепайваст намегузошт, ки чархҳо берун оянд. Кӯшишҳои тӯлониаш суде набахшид. Ронанда дид, ки нерӯи "профессор" намерасад, созандагони партобгоҳро дашномкунон ба кумак бишитобид. Бо азобе зарфро берун оварданд. Сару рӯйи бо арақу чирк омезиш ёфтаашро бо остин пок намудав дар лаби ҷӯй нишаст. Ба фазои фикру хаёлоташ боз он зан ворид гашт.- Ӯро дар куҷо дидааст? Чеҳраи бениҳоят шинос барин... Тамоми нерӯи фикррониашро ба самте равон намуда боз ба хаёл фурӯ рафт. Чеҳраҳои мухталиф бо суръат аз мадди назар мегузаштанд. Худоё, наход Роза бошад? Нидои пасти мамнуноае баровард... Хаёлот ҷониби Қазони дар оғуши борони поизӣ монда парвоз намуд. Тарабкадаҳо, нӯшонӯшиҳо, ишратпарастиҳо дар ҳучраи корвонсарой, комрониҳои баъдин, пас аз он, ки Розаро соҳиби кулба гардонд. Афсӯс, ки он рӯзҳои зарринро эҳё сохтан ғайри имкон аст. Ин сония тухми тосидае ба сараш бархӯрда ба симояш шорида ӯро ба масхарабозӣ ба саҳна бароянда монанд намуд. Сар бардошта духтарчаи аз ошёнаи панҷум забонашро бароварда ба ӯ нишондиҳандаро дид, ки бар ҳолаш механдад. Хост таҳдид намуда дашноми намакине бидиҳад, вале фавран ба хотираш расид, ки дар он ҷо прокурори ноҳия макон гирифтааст. Дарҳол ғазаб ба дарун биафтод. Бо домани хилъат сару рӯяшро тоза намуда ба таҳхона равон шуд, то либосашро иваз бинмояд. Кӯшид чароғро мунаввар бисозад, вале фӯрузон нагашт. Ноилоҷ бо гӯгирд ба сӯи ҳуҷраи кории хеш равон шуд. Дарро во намуданӣ хост, аммо наҷосати назди дар хобидаро дида соҳибашро дашномҳои қабеҳ дод. Магар мабразе наёфтаанд, ки даромадгоҳи хонаи ӯро иҷора гинрифтаанд. Либосҳоеро, ки аз он бӯйи дурушти пору меомад, бемадорона ба кашидан оғоз бинамуд. Садои пасти хандаи занонае ба гӯш расид. Лаҳзае ҳайрон биистод. Ба ёдаш расид, ки байни таҳхонаву кулбаи ошёнаи якум дар назди новаи обпарто сурохие вуҷуд дорад. Ва садо аз ҳамон ҷой берун меояд. Тани нимбараҳна нӯг- нӯги по ба сӯрохи наздик омад. Кунун садо баръало шунида мешуд: "Яки бинам, сару рӯяш пур аз пасмондаҳои хӯроку дар сараш эзори кӯҳнае овезон, худро дошта натавониста чунон хандидам, дар умрам ягон маротиба ин тавр нахандида будам.

- Туро нашинохт-мӣ?

- Намедонам, аз он рӯзе, ки маро ба ин ҷо овард, расо даҳ сол гузашт. Марди ниҳоят зӯр, зани фарбеҳу дилкаша ёбад, то тини охиринаша сарф менамояд. Худат медонӣ, ки то ба ин ҷо омаданам дар меҳмонхона фаррош шуда кор мекардам. Дар фосилаи як сол соҳиби кулба гардонид, ба маълумоти синфи ҳаштам нигоҳ накарда вазифаи ходими хурди илмиро ба ман раво донист. Баҳри хона ончунон чанҷоли калоне бархест, ки нагӯй, ронандаамон бо ҳафт фарзанду оилааш дар 18 метри мурабаъи нимвайронае мезист, бояд дуҳуҷрагӣ аз рӯйи навбат ба ӯ мерасид. Ба куҷоҳо нанавиштанду нарафтанд, вале мутахасиси ҷавону ояндадор гуфта гапашро мегузаронд. Пас аз ду сол соҳиби белети партиявӣ гардониду баъди аз як солаш бошад парторги маркази иммӣ шудам. Собиқ парторгамон Элеанора Рудментевнаро аз кадом куроте оварда, то дараҷаи мудири шӯъба бардошт, вақте ки маро маро овард, ӯро ба як ҳамкораш ба косалесҳои худаш ба шавҳар дод. Ҳамаи занҳои соҳиби мансабу мавқеъшудаи коргоҳамон дар гузашта ҳамболину маҳбубааш буданд.Баъди он ки сарпарасташ Абдуҳаким Ҳасановро аз курсии калон афтонданд, бечорро ҳолаш табоҳ шуд, аз кор ҳам ронданд ва аз партия ҳам. Ҷӯраҳояш бо азоби зиёде бурда дар корхонаи кӯрпадӯзии назди шаҳрӣ мудир таъин намуданд. Дар ҳамон ҷой ҳам ду - се зана ба домаш афтонд. Шавҳарҳои занҳои дигар гирд меоянду ба райком мераванд ва аз котиб талаб менамоянд ки Рамазон Рузиқуловичро аз кор дур созад, вагарна онҳо ӯро оварда дар назди бинои райком аз ҷчойи нозукаш меовезанд, то ба дигар буққаҳо ибрат бишавад. Мебинанд, ки вазъият бадтар гаштанаш мункин, ногузир кафшашро ба пеш мегузоранд. Бечорая дигар дар ягон ҷой - "буққаҳои худомон басу барзиёдатӣ" гӯён ба кор намегиранд. То ки мӯҳлати кориаш насӯзад, маҷбур мешавд, ки ба идораи манзилгоҳ ба кор дарояд. Ҳамашро ба ман ҳамкорҳоям гуфта буданд, вале инашро интизор набудам, ки ӯ дар ҳавлии мо кор мекардааст, дар ин ҷо ӯро хомо хом мехӯранд, ё чун саги бесоҳиб ҳар сония хорию зорӣ интизор аст. Мегӯянд, ки зану фарзандаш ҳам аз ӯ рӯй гардонидаанд. Бечорая то нафақааш як соли дигар мондагӣ буд...

-Бечорая ёфтӣ, давронаша хуб рондааст, зиндагӣ дар дунёи гузаро аз ин бештар намешудагист. Наход туро нашинохта бошад?

-Намедонам, аз байн шаш сол гузаштааст, ки вонахӯрдаем.

-Агар шинохта бошад, дигар ба ту рӯз намедиҳад. Аз гапҳоят мебарояд, инаш ҳам аз ҳамон буққаҳои хира барин.

-Сарамба мезанам-мӣ ин чалаки кӯҳнаи мағорбастаро, ҳозираяшба Эшниёз Самандарович бас, ба наздикӣ ҷонишини раиси комиҷроия оид ба манзил таъин намуданд, ҷойи аз ҳама равғанин, ба наздикӣ пӯстини ҳазорсӯмае ҳадя намуд, чунон зебо, ки дар ҷойи кор занҳо аз ҳасад дарунашонро мехӯранд.

-Роза медонӣ барои чӣ ба наздат омадам, ягон ду- се рӯз калиди хонаятро дода мон.

-Чӣ, ягонта фарбеҳкисаашро ёфтӣ магар?

-Не, модарамро овардан лозим, хонем ниҳоят хурд, хона даркор, идораи макнзилгоҳи сеюмба кулбаҳои пинҳони мефурӯхтагиашон ҳаст. Бо Бобониёзов гапзанон намудам, рози шуд... Аз мо чӣ меравад, асосаш кор буд шавад. Кампир пир шуда мондааст, пагоҳ-бегоҳ дунёро тарк мекунад. Дар оянда хона ба духтарам мегузарад, вай низ калон шуда истодааст...

-Хонаи худатба қабул кунӣ чӣ?

-Дар маҳалла ӯро чун депутат ҳама мешиносанд, аз обрӯяш метарсад, миш-миш ҳаст, ки ба райком ба кор мегузавронанд. Чӣ хеле мегӯянд, ба чашми меҳнаткашон афтидан намехоҳад.

Аз майишат кардан наметарсад-мӣ, гург? Ба як шарт калидро медиҳам, ки сонӣ ӯро бо ман шинос мекунӣ, як кор ҳаст, майлаш-мӣ?

-Ба чашм...

Чизе аз равзана ногаҳ ҷаҳида ба поён фаромад. Якқад парид. Гурбаи дайдуеро дид, ки вориди таҳхона гашт. Ба хотираш расид, ки нимбараҳна истодааст. Норозиёна ба либоспӯшӣ оғоз намуд...

Дигар ӯ дар коргоҳ пайдо нашуд. Аз новаи канорӣ ҳафтае як маротиба пору мебароварданд, соҳиби кулбаҳо шикоят намуданд, ки пору ба поён намефарояд, даҳони новаро чизе гирифтааст. Ронанда аз фирори "профессор" ба танг омада, ғур-ғуркунон дари патобгоҳро во намуда, чун барқ зада шах шуд. Дар нова ҷасади кабуд гаштаи "профессор" овезон меистод. Аз ин саҳнаи даҳшатангез дар ҷисмаш рашъа давид. Муддати тӯлонӣ ба мурдаи бадафтгашта нигариста истоду гуфт:

-Раҳматӣ, аз куҷо оғоз намуду дар куҷо анҷомид...

Ҳабиб Саид соли 1989 Душанбе

Ҳабиб Саид - Новеллаҳо

Ҳабиб Саид - Ҳикояҳои ҳаҷвӣ

Хабиб Саид - Рассказы

Ҳабиб Саид - Гротескҳо

Хабиб Саид - Любовь на просторах «Долина Любви»

Ҳабиб Саид - Андешаҳое, ки ба сатрҳо бирехтанд

ХАБИБ САИД - РАССКАЗЫ.pdf
Ҳабиб Саид - Таджики на выход.pdf
Ҳабиб Саид - ДУШМАНИ №1 ТОҶИК - ВИРУСИ М.pdf
Ҳабиб Саид - Графоманҳои як диёр.pdf
Ҳар ҷо, ки расад пои аспи қатаған,.pdf